Эй қалб! Омода бош барои талаби мағфират аз Парвардигори хеш
Яқин дошта бош, ки бузургтарин хатаре, ки дар дунё ва охират туро таҳдид мекунад, гуноҳонат мебошанд...!
Ва бидон, ки ҳамакунун аз калимаҳо ва ибораҳои истиғфор гузар хоҳӣ кард, ки бешак онҳо баҳре аз бахшишҳоро дарбар доранд...
Барҳазар бош аз ин, ки ин дуоҳоро бар забон такрор намоӣ, ва боз ҳам гуноҳе дар номаи аъмолат боқӣ бимонад!
Чӣ калимаҳои бузургу арзишманде ҳастанд, ки агар бо қалбҳои зинда ҳамроҳ шаванд, азамату бузургии касеро хоҳад донист, ки аз Ӯ нофармонӣ наму...