Калимаҳо ва ибораҳои бузурге дар баробарат қарор доранд, ки Аллоҳи мутаъол ба беҳтарин ҳалқаш ваҳй намудааст. Калимоте, ки рӯзе бо қалбҳову арвоҳ омехта шуданд, ва забонҳо бо онҳо дар ҳаракат шуданд, ва дарвозаҳои осмонҳо барои он боз шуданд, ва Аллоҳи мутаъол онро ба боло бурд...
-Пас ҳар касе, ки Аллоҳро бо он ситоиши кунад, Аллоҳ онро аз ӯ қабул хоҳад намуд..
-Ва ҳар касе бо он бар Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дурӯд бифиристад, Аллоҳи мутаъол мартабаи ӯро боло хоҳад бурд...
-Ва касе бо он истиғфор намояд, Аллоҳи мутаъол ӯро хоҳад бахшид..
-Ва касе бо онҳо дархосте намояд, Аллоҳи мутаъол онро барояш хоҳад дод..
-Ва касе бо он паноҳ биҷӯяд, Аллоҳи мутаъол онро паноҳ хоҳад дод...
-Ва касе бо он дархости шифо намояд, Аллоҳи мутаъол ӯро шифо хоҳад дод...
-Ва касе, ки бо он аз ғаму андӯҳ аз Аллоҳ ёрӣ биталабад, Аллоҳи мутаъол ӯро кӯмак хоҳад кард..
-Ҳар касе дар субҳу шом бар он пойбанд бошад, Аллоҳ ӯро кифоят мекунад. ]Дуоҳои субҳу шом дар вақтҳои муайян гуфта мешавад, ва ман онро дар ин аврод зикр намудам, зеро онҳо аз ҷумлаи азкоре мебошанд, ки соҳиби ин вирдҳо онҳоро баъд аз намози субҳ мегӯяд. Аммо агар хондани ин аврод ба таври мисол дар замони Тавоф бошад, пас хонанда ба авроди ҳафтгонаи аввал иктифо мекунад, ва вирди субҳу шомро намехонад. Пас бояд мутаваҷҷеҳ бошад! [.
Ва болотар аз ҳамаи инҳо, ризояти Аллоҳи мутаъол мебошад...
Он чӣ, ки ҳоло дар наздат қарор гирифтааст- дар ин мавзуъ- онро бо рӯҳат омехта бисоз, ва забонатро бо он дар ҳаракат дарор. Ин китобро дар дастонат қарор деҳ, ва ба сӯи Парвардигорат боз намо, ҳамчуноне, ки одатан дар вақти дуову ситоиш онҳоро боз менамоӣ. Ӯро нидо кун, ва китобу навиштаҳоро фаромӯш намо, ва қалбатро ба касе пайванд бидеҳ, ки ин калимаҳо ва ибораҳо мутаваҷҷеҳи ӯст...
Ин “авроди Аҳли Суннат ва Ҷамоат аст”, пас ҳоло бояд онро қабл аз биноият бо басиратат бихонӣ, ва қалбат онро қабл аз забонат такрор намояд. Дар ин сурат башорат бод бар ту аз ҳамаи дуоҳо, ва ба ваъдаи Ӯ дар вақти мулоқоташ.