Вирди истиъозот (паноҳ ҷӯстан ба Аллоҳи мутаъол)
21) “Эй Аллоҳ! Аз ҳамсояи бад ва ҳамсаре, ки пеш аз пирӣ Манро пир месозад, ва фарзанде, ки сарпараст ва фармонравои ман шавад, ва моле, ки сабаби азоби ман шавад ва дӯсти маккоре, ки чашми ӯ Манро зери назар дорад, аммо қалбаш Манро мепояд, ки агар некие бинад, онро дафн кунад ва чун бадие бинад, онро паҳн намояд, ба Ту паноҳ мебарам”.