Дуо ва авроде, ки пурсишу дархостҳо дарбар дорад
49) “Эй Аллоҳ! Манро дар ҷумлаи касоне қарор деҳ, ки онҳоро ҳидоят намудаӣ, ва касоне, ки онҳоро офият бахшидаӣ, ва Манро дар зумраи касоне қарор деҳ, ки онҳоро дӯсти хеш қарор додаӣ, ва дар он чӣ бар ман додаӣ, баракат ато намо ва аз бадии он чӣ қазоват кардаӣ, Манро ҳифз намо. Пас бешак Ту қазоват мекунӣ ва бар Ту қазоват карда намешавад. Бешак касеро, ки дӯст гирифтаӣ, гумроҳ нахоҳад шуд, ва касеро, ки душман гирифтаӣ, боиззату бокаромат нахоҳад шуд. Парвардигоро...