Дуо ва авроде, ки пурсишу дархостҳо дарбар дорад
46) “Эй Аллоҳ! Ман аз Ту суботу устуворӣ дар кор, ва ҳиммат дар ҳидояту рушд, хоҳонам. Аз Ту он чӣ сабаби раҳматат мешавад, ва асбоби мағфирататро хоҳонам, ва аз Ту шукри неъмат ва ибодати беҳтаратро хоҳонам, ва аз Ту қалби солим ва забони содиқу ростгӯ, хоҳонам, ва аз Ту хубие хоҳонам, ки медонӣ, ва ба Ту паноҳ мебарам аз бадие, ки медонӣ, ва аз Ту талаби мағфират мекунам аз он чӣ медонӣ. Бешак Ту донандаи ғайбҳо ҳастӣ”.