Дуо ва авроде, ки пурсишу дархостҳо дарбар дорад
38) “Эй Аллоҳ! Аз Ту беҳтарин хостаҳо, ва беҳтарин дуо, ва беҳтарин комёбӣ, ва беҳтарин амал, ва беҳтарин савоб, ва беҳтарин зиндагӣ, ва беҳтарин маргро хоҳонам. Ва Манро собитқадам гардон ва номаи аъмоламро сангин ва имонамро пойдор бигардон, ва манзалату мартабаи Манро боло бар, ва намозамро қабул намо, ва иштибоҳотамро биёмӯрз, ва аз Ту дараҷаҳои боло дар ҷаннатро хоҳонам, Омин”.
“Эй Аллоҳ! Аз Ту оғози корҳои ҳайр ва поёни онро талаб дорам, ва тамоми хуби...