Кадом қалъае мустаҳкамтар аз азкори субҳу шом бошад, ки аз мусибатҳои замон ба он паноҳ мебарӣ?
Имкон надорад, ки Аллоҳи мутаъол бандаеро, ки аз душманаш ба Ӯ паноҳ бурда бошад, ба ҳалокат таслим намояд...
На танҳо ин аст, балки он давоми болорафтан дар зинаҳои дараҷоту ҳасанот ба азкори субҳ ва шом мебошад. [Огоҳӣ: лафзи:) أصبحنا Асбаҳно) ва) أصبح Асбаҳа( дар шаб ба (أمسينا وأمسى ба Амсайно- Амсо) табдил дода мешавад. Ва ҳамчунин лафзи: (هذا اليوم –ҳамин рӯз) ба (هذه الليلة –ҳамин шаб) табдил мешавад, ва ҳар чизе, ки ба табдил эҳтиёҷ дорад, онро ба ранги дигар қарор додаем]
Эй касе, ки ба зикр мепардозӣ! Ба ёд дошта бош қабл аз ин, ки онро такрор намоӣ, бидон, ки такроркунандагони он зиёданд, локин куҷост оне, ки ба сабаби он нафси хешро муҳофизат намояд, ва ақлашро бо он тағзия намояд, ва дар замони фаро расидани вақти ин азкор, рӯҳашро сер намояд?
Ба ҳамин хотир мувозиб бош, мабодо бидуни андешидан дар ин азкор ва маъонии он, фақат ба назар кардан дар он, ва ҳаракат додани забон ва ҷунбондани лабон, иктифо намоӣ...
Бидуни тафаккур дар заъфу муҳтоҷии хеш, ва тавону қудрати Зоте кунӣ, ки ин азкор барояш гуфта мешавад...
Бидуни андешидан дар гуноҳони хеш, ва вусъати раҳмати Аллоҳ...
Онро мустаҳкам бигир ва Аллоҳро ба хотири он ҳамду сано бигӯ, аз ҷумлаи шукркунандагон хоҳӣ шуд...