وِرْدُ السؤالات

٤) «اللَّهُمَّ بِعِلْمِكَ الغَيْبَ، وَقُدْرَتِكَ عَلَى الخَلْقِ، أَحْيِنِي مَا عَلِمْتَ الحَيَاةَ خَيْراً لِي، وَتَوَفَّنِي إِذَا كَانَتِ الوَفَاةُ خَيْراً لِي، اللَّهُمَّ وَأَسْأَلُكَ خَشْيَتَكَ فِي الغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ، وأَسْأَلُكَ كَلِمَةَ الحَقِّ وَالعَدْلِ فِي الغَضَبِ وَالرِّضَى، وَأَسْأَلُكَ القَصْدَ فِي الفَقْرِ وَالغِنَى، وَأَسْأَلُكَ نَعِيماً لَا يَبِيدُ، وَأَسْأَلُكَ قُرَّةَ عَيْنٍ لَا تَنْفَدُ وَلَا تَنْقَطِعُ، وَأَسْأَلُكَ الرِّضَى بَعْدَ القَضَاءِ، وَأَسْأَلُكَ بَرْدَ العَيْشِ بَعْدَ المَوْتِ، وَأَسْأَلُكَ لَذَّةَ النَّظَرِ إِلى وَجْهِكَ، وَأَسْأَلُكَ الشَّوْقَ إِلَى لِقَائِكَ، فِي غَيْرِ ضَرَّاءَ مُضِرَّةٍ وَلَا فِتْنَةٍ مُضِلَّةٍ، اللَّهُمَّ زَيِّنَّا بِزِينَةِ الإِيمَانِ، وَاجْعَلنَا هُدَاةً مُهْتَدِينَ».

4) Эй Аллоҳ! Ба воситаи илми ғайби хеш ва қудрату тавоноият бар халқ (аз Ту мехоҳам) Манро зинда бидорӣ, агар зиндагиро бароям хайр медонӣ, ва Манро бимирон, агар марг бароям беҳтар бошад. Эй Аллоҳ! Дар ҳолати пинҳону ошкор хашяти Туро аз Ту хоҳонам, ва аз Ту сухани ҳақ ва адлу инсоф дар ҳолати ғазабу ризо талаб дорам, ва аз Ту миёнаравиро дар ҳолати фақру ва дороӣ талаб дорам, ва неъмате аз Ту хоҳонам, ки бепоён бошад, ва нури чашме аз Ту мехоҳам, ки қатъ нагардад, ва ризогии Туро баъд аз тақдир хоҳонам, ва зиндагии осӯда ва оромро баъд аз марг аз ту хоҳонам, ва лаззати нигоҳ кардан ба чеҳраи муборакатро аз Ту хоҳонам, ва шавқи мулоқотатро бидуни ҳеҷ мусибати зиёновар ва балои гумроҳкунанда аз Ту хоҳонам. “Эй Аллоҳ! Бо зиннати имон моро зиннат бибахш, ва моро аз ҷумлаи ҳидояткунандагони ҳидоятёфта қарор бидеҳ”.