وِرْدُ السؤالات

۱) «اللَّهُمَّ لَكَ الحَمْدُ كُلُّهُ، اللَّهُمَّ لَا قَابِضَ لِمَا بََسَطْتَ، وَلَا بَاسِطَ لِمَا قَبَضْتَ، وَلَا هَادِيَ لِمَنْ أَضْلَلْتَ، وَلَا مُضِلَّ لِمَنْ هَدَيْتَ، وَلَا مُعْطِيَ لِمَا مَنَعْتَ، وَلَا مَانِعَ لِمَا أَعْطَيْتَ، وَلَا مُقَرِّبَ لِمَا بَاعَدْتَ، وَلَا مُبَاعِدَ لِمَا قَرَّبْتَ، اللَّهُمَّ ابْسُطْ عَلَيْنَا مِنْ بَرَكَاتِكَ وَرَحْمَتِكَ وَفَضْلِكَ وَرِزْقِكَ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ النَّعِيمَ المُقِيمَ الَّذِي لَا يَحُولُ وَلَا يَزُولُ، اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ النَّعِيمَ يَوْمَ العَيْلَةِ، وَالأَمْنَ يَوْمَ الخَوْفِ، اللَّهُمَّ إِنِّي عَائِذٌ بِكَ مِنْ شَرِّ مَا أَعْطَيْتَنَا، وَشَرِّ مَا مَنَعْتَنَا، اللَّهُمَّ حَبِّبْ إِلَيْنَا الإِيمَانَ وَزَيِّنْهُ فِي قُلُوبِنَا، وَكَرِّهْ إِلَيْنَا الكُفْرَ وَالفُسُوقَ وَالعِصْيَانَ، وَاجْعَلْنَا مِنَ الرَّاشِدِينَ، اللَّهُم توَفَّنَا مُسْلِمِينَ، وَأَحْيِنَا مُسْلِمِينَ، وَأَلْحِقْنَا بِالصَّالِحِينَ غَيْرَ خَزَايَا وَلَا مَفْتُونِينَ، اللَّهُمَّ قَاتِلِ الكَفَرَةَ الَّذِينَ يُكَذِّبُونَ رُسُلَكَ وَيَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِكَ، وَاجْعَلْ عَلَيْهِمْ رِجْزَكَ وَعَذَابَكَ، اللَّهُمَّ قَاتِلِ الكَفَرَةَ الَّذِينَ أُوتُوا الكِتَابَ؛ إِلَهَ الحَقِّ».

1) “Эй Аллоҳ! Тамоми ҳамду ситоиш аз они Туст. Он чиро, ки Ту густардаӣ, ҳеҷ боздорандае нест, ва ҳеҷ густарандае нест, он чиро, ки Ту бозгирифтаӣ, ва ҳеҷ ҳидоякунандае нест он чиро, ки гумроҳ сохтаӣ, ва ҳеҷ гумроҳкунандае нест он чиро, ки ҳидоят намудаӣ, ва ҳеҷ диҳандае нест он чиро, ки Ту манъ намудаӣ, ва ҳеҷ монеъкунандае нест он чиро, ки Ту додаӣ, ва ҳеҷ наздиккунандае нест он чиро, ки Ту дӯр сохтаӣ ва ҳеҷ дӯркунандае нест он чиро, ки наздик сохтаӣ. Эй Аллоҳ! Баракоту раҳмат ва фазлу рӯзиатро бар мо арзонӣ фармо. Эй Аллоҳ! Ман аз Ту неъмати доими мехоҳам, ки тағйир намеёбад ва аз байн намеравад. Эй Аллоҳ! Дар рӯзи фақру ниёзмандӣ аз Ту неъмат, ва дар рӯзи хавфу хатар амну амон мехоҳам. Эй Аллоҳ! Аз бадие, ки бар мо додаӣ, ва аз шарри он чизе, ки аз мо гирифтаӣ, паноҳ металабам. Эй Аллоҳ! Имонро бар мо маҳбуб бигардон, ва онро дар дили мо зиннат бидеҳ, ва куфр ва фисқу исёнро назди мо манфӯр бигардон, ва моро аз ҷумлаи ҳидоятёфтагон қарор деҳ. Эй Аллоҳ! Моро аз ҷумали мусалмонон бимирон ва аз ҷумлаи мусалмонон зинда бигардон, ва моро бо солиҳон ва накӯкорон пайваст намо, бидуни ин, ки гирифтори хорӣ ва фитна шуда бошем. Эй Аллоҳ! Нобӯд соз кофиронеро, ки Паёмбаронатро такзиб карда, ва аз роҳи Ту боз медоранд, ва муҷозоту азобатро бар онҳо қарор бидеҳ. Эй Аллоҳ! Нобӯд соз кофиронеро, ки бар онҳо китоб дода шудааст, эй Маъбуди барҳақ”.