Пас аз гуфтани ҳамду сано бар Аллоҳ ва фиристодани дурӯду салом бар Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар ӯ бод) ва талаби мағфират аз гуноҳонат, навбати он расидааст, ки дастонатро боло бардошта, хостаҳоятро аз Аллоҳи мутаъол бо дуоҳои беназире талаб намоӣ...
Дуоҳое, ки рӯзе онро донотарин махлуқ ба Аллоҳ гуфта буд, пас Аллоҳ онро аз Ӯ қабул намуд...
Ҳоло наздат беҳтарин дуо қарор дорад, ки аз забонҳои Паёмбарон ва аз забони Сарвари паёмбарон (дурӯду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) ҷорӣ шудааст.
Онро ба забон ор... ва бидон, ки Аллоҳ аз болои ҳафт осмон туро мешунавад ва мебинад, дар ҳоле, ки ту Ӯро нидо мекунӣ.
Онро бар забон ор...ва бидон, ки барои иҷобати он фақат зарур ҳаст, ки онро бо қалби хошеъ ва бо тазарруъ ба боло барӣ...
Баъд аз он мужда бод барои ту, ки дуоят мустаҷоб шудааст...