Ба ёд дошта бош...

Оё рӯзеро бобаракаттар аз рӯзе дидӣ, ки дар он аз ҷумлаи мардону занони зикркунанда будаӣ?

Оё рӯзе худро зери ҳимоят ва ҳифозати бештаре ва мустаҳкаме аз ҳар шарру шуруре, аз рӯзе, ки бо ин дижҳои илоҳии мустаҳкам паноҳ бурдаӣ, дидӣ?

Чӣ “авроде”ро ба забон овардӣ, ва чӣ фазилатеро ба даст овардӣ.. пас агар инро фаромӯш кардаӣ, фаромӯш макун, ки бетардид он чиро гуфта будӣ ки:

* Бешак дар ин рӯз аз шайтон наҷот дода шудӣ, пас чизе туро зарар нахоҳад расонд.

* Бешак тамоми нигарониҳоят бартараф шудааст.

* Ва ҳамчунин Аллоҳи мутаъол фариштагони мусаллаҳеро бар ту муваккал намудааст, ки туро аз ҳар азияту мушкилие, ки медонӣ ва ё намедонӣ, ҳимоят мекунанд.

* Ва ин, ки Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) замонат додааст, ки аз дастат гирифта, вориди биҳиштат намояд.

* Ва ин, ки Аллоҳи мутаъол туро аз оташи ҷаҳаннам озод намудааст.

* Ва ин, ки ту шукри шабу рӯзатро адо намудаӣ.

* Ва ту бо калимаҳое истиғфор намудаӣ, ки агар дар ҳамон шабу рӯз вафот намоӣ, вориди биҳишт хоҳӣ шуд.

* Ва ин, ки Аллоҳи мутаъолро бо калимаҳое зикр кардӣ, ки аҷру фазилати он, тарозуи аъмолатро пуру лабрез гардонидааст.

* Рӯзи қиёмат ҳеҷ кас амали беҳтаре аз ту бо худ надорад, магар шахсе, ки аз ту зиёдтару ботафаккуртар тасбеҳу таҳлил гуфта бошад.

* Ва ту чизеро садақа намудаӣ, ки аз сад шутур ва сад аспи боркаш ва озод намудани сад барда (ғулом), ҳам беҳтар аст, бо калимаҳову ибораҳои андаку ангуштшумор.. ин лутфу меҳрубонӣ ва неъмате аз ҷониби Аллоҳи мутаъол аст.

* Ва шафоати Расули Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар рӯзи қиёмат насиби ту хоҳад шуд.

* Тамоми ин фазл ва дигар аҷру савоб, ваъдае аз ҷониби Аллоҳи яктост. Ва чӣ касе аз Аллоҳи ягона ба аҳди хеш вафодортар аст?!

وَالْحَمدُ للهِ رَبِّ الْعَالَمِینَ

Ва ҳамду ситоиш барои Аллоҳ, ки Парвардигори оламиён аст.