Чӣ басо калимаҳову ибораҳои арзишманде ҳастанд, ки агар Аллоҳи мутаъол онро аз ту қабул кунад ва хостаҳоятро бароят бароварда созад... бешак аз Аллоҳи мутаъол хостаӣ:
*Дар ҳақиқат аз Аллоҳи мутаъол ба василаи Исми аъзамаш аз Ӯ дархост намӯдаӣ, ки агар бо он дархост карда шавад, қабул хоҳад намуд ва хоҳад дод.
*Хостае, ки боис мешавад, биҳишт чунин посӯх диҳад: “Эй Аллоҳ! ӯро вориди биҳишт намо”.
*Ва оташ посӯх хоҳад дод: “Эй Аллоҳ! Аз оташ ӯро наҷот деҳ”.
*Пурсише, ки он беҳтарин чизест, ки банда ба он аз Парвардигораш мепурсад.
*Пурсише, ки Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба захира кардани он васият намудааст, замоне, ки мардум тило ва нуқраро захира мекунанд.
*Суоле, ки Аллоҳи мутаъол ба воситаи он туро аз бало ва мусибат ҳимоят хоҳад кард.
Хостае, ки шомили тамоми ниёзҳоят мебошад, он чӣ медонӣ ва он чӣ намедонӣ, ва локин Зоте, ки ба сӯи Ӯ суол бардошта шудааст, медонад.
Бародарони азиз! Шукри Аллоҳ, ки авроди дуову дархосту ниёзҳоро ба поён расондем, ва ҳамакнун авроди истиъоза (паноҳталабӣ)-ро пайгирӣ хоҳем намуд.