۱) «اللَّهُمَّ لَكَ الحَمْدُ أَنْتَ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَنْ فِيهِنَّ، وَلَكَ الحَمْدُ أَنْتَ قَيِّمُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَنْ فِيهِنَّ، وَلَكَ الحَمْدُ أَنْتَ مَلِكُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ وَمَنْ فِيهِنَّ، وَلَكَ الحَمْدُ أَنْتَ الحَقُّ، وَوَعْدُكَ الحَقُّ، وَقَوْلُكَ حَقٌّ، وَلِقَاؤُكَ حَقٌّ، وَالجَنَّةُ حَقٌّ، وَالنَّارُ حَقٌّ، وَالسَّاعَةُ حَقٌّ، وَالنَّبِيُّونَ حَقٌّ، وَمُحَمَّدٌ حَقٌّ، اللَّهُمَّ لَكَ أَسْلَمْتُ، وَعَليْكَ تَوَكَّلْتُ، وَبِكَ آمَنْتُ، وَإِلَيْكَ أَنَبْتُ، وَبِكَ خَاصَمْتُ، وَإِلَيْكَ حَاكَمْتُ، أَنْتَ رَبُّنَا وَإِليْكَ المَصِيرُ، فَاغْفِرْ لِي مَا قَدَّمْتُ وَمَا أَخَّرْتُ، وَمَا أَسْرَرْتُ وَمَا أَعْلَنْتُ، وَمَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي، أَنْتَ المُقَدِّمُ وَأَنْتَ المُؤَخِّرُ، أَنْتَ إِلَهِي، لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ، وَلَا حَوْلَ وَلَا قُوَّةَ إِلَّا بِكَ».
1) “Эй Аллоҳ! Тамоми ҳамду ситоиш аз они Тӯст. Ту рушноии осмонҳову замин ва он чӣ дар ин ду вуҷуд дорад, ҳастӣ. Ва ҳамду ситоиш шоистаи Туст, ва Ту бар ҳаққӣ ва ваъдаат низ ҳақ аст, ва суханат низ ҳақ аст, ва мулоқот бо Ту ҳақ аст, ва биҳишт ҳақ аст ва дӯзах низ ҳақ аст, ва қиёмат ҳақ аст, ва Паёмбарон ҳақанд ва Муҳаммад (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳақ аст. Эй Аллоҳ! Ба Ту таслим шудам ва бар Ту таваккал намудам ва ба Ту имон овардам ва бар Ту рӯй овардам ва бо кӯмаки Ту ба душманон ба мубориза пардохтам, ва Туро ҳоким қарор додаам. Ту парвардигори мо ҳастӣ ва ба сӯи Ту бозгашт аст, пас ҳар гуноҳе, ки пеш аз марг муртакиб шудам ва ҳар гуноҳе, ки осораш пас аз марг ҳамчунон идома пайдо мекунад ва гуноҳе, ки дар ҳолати пинҳонӣ ва ё ошкор анҷом додаам, ва ҳар гуноҳе, ки Худат аз ман ба он донотар ҳастӣ, мавриди омӯрзиш қарор деҳ, ва ин Ту ҳастӣ, ки ҳар киро хоҳӣ ба сӯи корҳои нек ва биҳишт ба пеш мебарӣ, ва ҳар киро хоҳӣ аз кори неку биҳишт ақиб меандозӣ. Ту маъбуди ман ҳастӣ, ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз Ту нест. Ҳеҷ қудрате ғайр аз Ту, ки битавонад тавфиқи (кори неке) диҳад ва аз маъсият дӯр намояд, вуҷуд надорад”.