Яқин дошта бош, ки бузургтарин хатаре, ки дар дунё ва охират туро таҳдид мекунад, гуноҳонат мебошанд...!
Ва бидон, ки ҳамакунун аз калимаҳо ва ибораҳои истиғфор гузар хоҳӣ кард, ки бешак онҳо баҳре аз бахшишҳоро дарбар доранд...
Барҳазар бош аз ин, ки ин дуоҳоро бар забон такрор намоӣ, ва боз ҳам гуноҳе дар номаи аъмолат боқӣ бимонад!
Чӣ калимаҳои бузургу арзишманде ҳастанд, ки агар бо қалбҳои зинда ҳамроҳ шаванд, азамату бузургии касеро хоҳад донист, ки аз Ӯ нофармонӣ намуда, ва бо Ӯ мухолифат кардааст.
Аз ҳамин хотир бо шармсорию хиҷолат мегӯяд: “Эй Парвардигори мо! Мо (бо сарпечӣ аз дастури Ту) ба хештан ситам намудаем, ва агар моро наёмӯрзӣ ва бар мо раҳм накунӣ, дар ҳақиқат мо аз ҷумлаи зиёнкорон хоҳем буд”. ]Аъроф: 23[.
Пас барҳазар бош аз ин, ки бо забон талаби мағфирату омӯрзиш намоӣ, ва қалбат ғофил аз оқибату фарҷоми корат бошад, Агар Аллоҳи мутаъол туро набахшад ва наёмӯрзад...!
Ва ғофил аз ҳақиқати маъонии бузурги истиғфор бошад, истиғфоре ки дар пеш аст...!
Пас бояд забону қалбат якҷо бар ҳамин истиғфор рӯ биёваранд, дар ҳақиқат вақти мағфирату бахшиш фаро расидааст, ва бахшидани гуноҳони гузашта ва ояндаи ту дар охири ин истиғфор барои Аллоҳи мутаъол, чизи зиёде нест..!
Магар Аллоҳ бахшандаи меҳрубон нест?