Ба ёд дошта бош...

Калимаҳо ва ибораҳои истиғфор чӣ захираҳои бузурге мебошанд: бешак он:

* Истиғфорест, ки ба сабаби он, Аллоҳ гуноҳонатро ҳар қадаре, ки бошанд, мебахшад.

* Истиғфорест, ки васфи (муваффақтарин дуо) мустаҳиқ аст.

* Истиғфорест, ки Аллоҳ гуноҳро ба сабаби он мебахшад, ҳатто агар чӣ гуноҳи фирор аз майдони ҷиҳод ва рубарӯ шудан бо душман бошад. (дар ҳадис омадааст, ки фирор аз майдони ҷиҳод аз ҷумлаи гуноҳони кабира мебошад).

*Истиғфорест, ки Расули Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар мавриди он барои Алӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) чунин фармудааст: “Ҳар вақте онро мегӯӣ, бахшида хоҳӣ шуд, бо вуҷуди ин, ки ту бахшидашуда ҳастӣ”.

*Истиғфорест, ки боиси рехтани гуноҳон аз номаи аъмолат мешаванд, ҳамчуноне, ки барг аз дарахт мерезад.

* Истиғфорест, ки Аллоҳи мутаъол туро мавриди хитоб қарор дода, мефармояд: “чунин кардам (ва туро бахшидам)”.

*Истиғфорест, ба сабаби он Аллоҳи мутаъол гуноҳонро мебахшад, ҳар чанде, ки ба андозаи кафкҳои рӯи баҳр бошанд.

*Истиғфорест, ки –бо хости Аллоҳ- сабаби хушнӯдии ту бо дидани номаи аъмолат дар рӯзи қиёмат хоҳад шуд.

* Истиғфорест, ки ба монанди муҳр барои хотимаи маҷлис хоҳад буд.

*Истиғфорест, ки бо баракати дурӯд фиристодани фаровон бар Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳосил мешавад, чуноне дар ҳаққи касе, ки бар Ӯ дурӯди фаровон мефиристад, фармудааст: “Дар ин сурат ҳамаи нигарониҳоят бартарф ва гуноҳонат бахшида хоҳад шуд”. (Ривояти Тирмизӣ (2457), ва Шайх Албонӣ онро ҳасан шуморидааст).

Пас хушо ба холи касе, ки дар номаи аъмолаш истиғфори фаровоне дарёфт намудааст...