Эй қалб! Омода бош Барои дурӯд фиристодан ба Ҳабиби Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод).

Бо дурӯд фиристодан ба Расули Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), шавқи худро ба сӯи Ӯ бароварда бисоз....

Бо дурӯд фиристодан, дурӯди арзишманде аз ҷониби Худованд ба худ ҷалб намо...

Ба василаи он, бархе аз неъматҳои Худованд, ки ба василаи Муҳаммад (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба Ту расидааст, шукр намо...

Ва дар ҳар дурӯде, ки бар Ӯ мефиристӣ, фазлу мақоми Ӯро дар қалбат ҷамъ намо...

Ва инро ба ёд ор, ки дурӯду саломи ту дар ин лаҳза ба Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) расонда мешавад, баъд аз баргардонидани рӯҳи муборакаш бар Ӯ.

Ва ин шарафи бузургро эҳсос намо, ки бо дурӯд фиристодан ба Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар ҷумлаи касоне қарор мегирӣ, ки Аллоҳи мутаол дар мавриди онҳо фармудааст:

“Бешак Аллоҳ ва малоикаҳои Ӯ бар Паёмбар дурӯд мефиристанд, (пас) эй касоне, ки имон овардаед (шумо низ) бар Ӯ дурӯд фиристед, ва ба шоистагӣ салом расонед”. ]Аҳзоб: 56[.

Пас эй Аллоҳ! Бар Паёмбари мо, Муҳаммад (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), дурӯду салом фирист, ва бар Ӯ баракат иноят фармо..