Ба ёд дошта бош, ки дурӯд фиристодани ту ба Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар чӣ ҷойгоҳе туро қарор додааст...
* Инҳо дурӯдҳое ҳастанд, ки Аллоҳи мутаъол ба сабаби он дарвозаҳои осмонро барои ту боз менамояд, чуноне, ки Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Ҳар дуое дар ҳиҷоб аст (яъне ба осмон намерасад) то даме, ки бар Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дурӯд фиристода нашавад”. (Саҳеҳ 2035).
* Бешак инҳо дурӯдҳое ҳастанд, ки Аллоҳи мутаъол дар баробари он бароят шаст некӣ менависад, ва шаст гуноҳе аз гуноҳонатро мебахшад, ва шаст дараҷаатро боло мебарад.
* Бешак инҳо дурӯдҳое ҳастанд, ки Худованд ба сабаби онҳо туро назди малаи аъло (бошандагони осмонҳо) ситоиш менамояд.
* Бешак инҳо дурӯдҳое ҳастанд, ки тавассути Малоикаҳо ба Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бу Ӯ бод) расонда мешаванд. Чуноне, ки Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Ҳар касе бар ман дурӯд фиристад, Худованд бар ӯ даҳ дурӯд мефиристад, ва малоикаеро муваззаф мегардонад, то онро ба ман бирасонад”. (Саҳеҳи Тарғиб: 1663).
* Бешак инҳо дурӯдҳое ҳастанд, ки Аллоҳи мутаъол ба сабаби он рӯҳи дӯсташро бармегардонад, то ҷавоби саломатро баргардонад. Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Ҳар касе бар ман салом бифиристад, Худованд рӯҳамро бар ман бармегардонад, то ҷавоби саломи ӯро баргардонам”. (Абудовуд, 2041, Шайх Албонӣ онро ҳасан гуфтааст).
*Бешак инҳо дурӯдҳое ҳастанд, ки ба сабаби он –ба хости Аллоҳ- аз ҷумлаи наздиктарини мардум ба Паёмбар хоҳӣ буд. Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мефармояд: “Наздиктарин шахс рӯзи қиёмат ба ман касест, ки беш аз ҳама бар ман дурӯд фиристодааст”. (Саҳеҳи Тарғиб 1668).
Пас чӣ қадар дурӯду саломро баъд аз ин бар Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар зиндагиат қарор хоҳӣ дод: