Пеши рӯят дар саҳифаҳои оянда, бузургтарин сано ва ситоиш дар қолаби калимаҳо қарор дорад...
Калимоте, ки ҷуз ҳузури қалбат дар баробари Зоте, ки ин ситоиши нек ба сӯи Ӯ боло бурда мешавад, аз чизе камӣ надорад..
Пас чӣ касе беҳтарин ситоишро барои Аллоҳ қоил аст, аз худи Аллоҳи мутаъол бар нафси хеш...?
Ва чӣ касе донотар аст ба маҳбубтарин калимот ва ибораҳои сано ва ситоиш бар Аллоҳи мутаъол, аз Расули Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), ва аз Фариштагони муқарраби Аллоҳ?!
Ҳоло дар баробарат санову ситоиши Аллоҳи мутаъол ва ситоиши Расули Ӯ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ва Фариштагони муқарраб бар Аллоҳи пок қарор дорад, пас забонатро ба он ба ҳаракат дарор...
Бигзор пусти баданат бо зикри он дар ларза дарояд, ва нарм шавад...
Бигзор чашмонат ашк бирезанд...
Ва ақлу хирадат бидурахшаду ба авҷ дарояд..
Дар ҳоле онро такрор менамоӣ, ки қалбат дар ҳоли саҷда дар меҳроби азамату бузургӣ, қарор дорад..