[Ҳар он чӣ баъд аз сухани мо: “Бидон” аз фазилату аҷр дар ин китоб меояд, аз ҷумлаи он фазоилест, ки ба таври саҳеҳ аз Расули Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) собит шудааст. Ва барои донистани фазилати ҳар дуо руҷуъ кунед ба тахриҷи аҳодис дар охири китоб].
Пеш аз оне, ки вориди мабҳаси баъдӣ шуда ва аз дуои сано ва ситоиш фосила бигирӣ, ба ёд дошта бош...
Ба ёд дошта бош: Ки ба кадом оламе ворид шудаӣ, ва кадом калимоту ибораҳоро бар забон овардаӣ, ва киро ҳамду сано намудаӣ, ва чӣ подошеро ба даст овардаӣ!
*Дар ҳақиқат бар Аллоҳи мутаъол бо исми аъзамаш ҳамду сано намудаӣ, он исме, ки ҳаргоҳ Аллоҳ бо он хонда шавад, дуо қабул мешавад, ва ҳаргоҳ ба он аз Ӯ чизе хоста шавад, медиҳад.
*Аллоҳи мутаолро чунон мадҳу ситоиш намудаӣ, ки ба хотири он -бо иродаи Аллоҳ- аз оташи дӯзах раҳо хоҳӣ ёфт.
*Чунон ҳамду саное, ки –бо хости Аллоҳ- дар дунё ва охират барои ту сӯдманду муфид хоҳад буд.
*Чунон ҳамду саное, ки Аллоҳи мутаол дар баробари он бо ин ибора туро посух хоҳад дод: «صَدَقَ عبدي», (бандаам рост гуфт).
*Ҳамду саное, ки чун Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) онро шунид, таъаҷҷуб кард, ва дарвозаҳои осмон барояш боз шуданд.
*Ҳамду саное, ки бештару беҳтар аст аз зикре, ки дар шабу рӯз мекунӣ.
*Ҳамду сано ҳамонанди ҳамду ситоиши он хурусест, ки бузургии Аллоҳро ба хӯби шинохта ва монанди донандаи ҳақ тасбеҳ мегӯяд.
* Ҳамду саное, ки -ба хости Аллоҳ- даҳ Малоика муштоқи навишатани он ҳастанд, аммо оҷизу нотавон ҳастанд ва ба навиштани он чӣ, ки онро ба забон овардаӣ, иктифо мекунанд, ва подоши он назди Аллоҳ буда, ва захирае барои ту мебошад.
* Ҳамду саное, ки –ба хости Аллоҳ- раҳмати фаровоне аз ҷониби Аллоҳ бароят навишта хоҳад шуд, ба хотири санои фаровоне, ки бар Ӯ намудаӣ.
Пас оё донистӣ, ки то куҷо боло рафтаӣ? Ва чӣ чизро ба даст овардаӣ? Ва чӣ ситоише намудаӣ? Агар хоҳиш дошта бошӣ, пас бо тааммул баргард, ва агар хоҳӣ, огоҳона ва ғарқ дар тафаккур ба пеш рав...