Эй мусалмони ғамзада!
Бидон! Ҳамон Зоте, ки ба ту мушкилоти қарздорӣ ва ғаму андӯҳро муқаддар намудааст, ҳамон Зот авроди рафъи мушкилот ва ғаму андӯҳро бароят омӯзондааст, то ки пеш аз он, ки ба ту нозил шаванд, ва бо он ғаму андӯҳро баъд аз он, ки ба он мубтало шавӣ, рафъ созӣ, ва ба сабаби он ғаму қарзе, ки мустаҳкам шуданд, рафъ хоҳӣ намуд.
Пас бояд ҳоло забонат онро такрор намояд, ва қалбат дар азамату камолоти калимаҳои он, ғарқ бошад...
Яқин дошта бош, ки ҳеҷ касе ғайр аз Аллоҳ мушкилотатро рафъ нахоҳад кард...
Дилу забонатро барояш омода намо, ва онро ба забон биёр ва мушкилотатро бар Аллоҳи мутаъол, бузург машумор.
Онро бихон, ба зӯдӣ ғаму андӯҳат ба фаромӯшӣ супурда хоҳад шуд...
Онро бихон ва –ба хости Аллоҳ- мунтазири ҷойгузини хайру некӣ ба ҷои ҳар ғаму андуҳ ва мушкилот бош..
Ғаму андӯҳ ва мушкилотатро дар кафи як даст, ва калимаҳои Аллоҳро дар кафи дигар қарор деҳ...
Баъд аз он бубин, ки оё чизе калимаҳои Аллоҳро сангинӣ мекунад, ва оҷиз месозад...?!