Ба ёд дошта бош...

Қабл аз оне, ки аз азкори кашфи мушкилот фосила бигирӣ, ё баъд аз дӯр шудани мушкилот аз ту:

Ба ёд ор, ки кадом калимаҳои комилеро ба забонат такрор намудӣ?... бешак аз Аллоҳи мутаъол дархост намудӣ:

* Бо дуое, ки Аллоҳи мутаъол дар натиҷаи он, нигаронӣ ва андӯҳи туро ба шодию хӯшҳолӣ табдил хоҳад намуд.

* Бо дуое, ки Паёмбар (дурӯду салом Аллоҳ бар Ӯ бод) онро дар вақти мушкилоту ногуворӣ мехонд.

* Бо дуое, ки Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) онро дар вақти ғаму андӯҳ мехонад.

* Бо дуое, ки Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) онро дуои ғаму андӯҳ, номидааст..

* Бо дуое, ки ба хотири он Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) аҳли байташро ҷамъ намуд, ва онро ба онҳо омӯзонид.

* Бо дуое, ки агар бо он дар ҳолати мушкилоту балоҳо, ва ё балое аз балоҳои дунё дуо намоӣ, Аллоҳи мутаъол онро аз ту бартараф хоҳад кард.

* Бо дуое, ки агар бо он дуо кунӣ ва болои ту қарзе ба андозаи кӯҳ бошад, Аллоҳ онро бароят адо хоҳад намуд.

* Бо дуое, ки онро Паёбмари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ ба Ӯ бод) ба азизи хеш Алӣ ибни Абутолиб (Аллоҳ аз Ӯ розӣ бод) ба хотири рафъи мушкилоту балоҳо, таълим додааст.

* Бо дурӯду саломе бар Ҳабиби Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), ки ба касе, ки бар Ӯ дурӯду саломи фаровон фиристодааст, мегӯяд: “Ин тавр бошад, барои ғаму андӯҳат кифоят мекунад, ва гуноҳонат бахшида мешавад”.