Бешак инҳо руқяи шаръие ҳастанд, ки аз ту дӯр ва рафъ месозанд..
Зикре пеши руй дорӣ, ки ба он нафс ва хонадону амволатро ҳимоят менамоӣ...
Наздат зикре вуҷуд дорад, ки баъд аз он бар ту на ҳасад ва на чашму беморӣ боқӣ хоҳад монд...
Зикре дар ихтиёр дорӣ, ки агар душманони ҷину инсро бар алайҳи ту якҷо шаванд,, шикаст хоҳӣ дод...
Бидон ин, ки руқя яктост ва роқиён бисёр, аммо чӣ касе мавриди иҷобат қарор мегирад?
Худат пеш гузар ва онро ба забон ор, дар ҳоле, ки қалбат бо калимаҳои комили Аллоҳ ҳамроҳ бошад, бузуругии онро ҳамроҳ дорад ва бо он дар ҳимояти Аллоҳ қарор мегирад...
Иқдом намо ва онро ба нияти руқя ва шифову ҳимоят аз тамоми бадӣ ва шурур, бихон...
Баъд аз он мунтазири гушоишу фараҷи Аллоҳ бош. Огоҳ бош, ки гушоишу фараҷи Аллоҳ -ба иродаи Аллоҳ- воқеъшуданист...