وِرْدُ الرقية الشرعية

٢- أَعُوذُ بِاللهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ:

﴿ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَ‍ُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ٢٥٥﴾ [البقرة: ٢٥٥].

2- “Паноҳ мебарам ба Аллоҳ аз шайтони рондашуда”:

“Аллоҳ зотест, ки ҳеҷ маъбуди (барҳаққе) ҷуз Ӯ нест. Зиндаву поянда аст. На хоби сабук Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст, ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ӯ шафоъат мекунад. Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сари онҳост, медонад ва ба илми Ӯ ҷуз он чӣ худ хоҳад, иҳота натавонанд ёфт. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро иҳота намудааст. Нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест. Ӯ баландпояву бузург аст! [Бақара: 255].