Бешак ба бузургтарин руқяи шаръӣ гузар намудӣ... аз ҷумла:
* Руқя бо бузургтарин сураи Қуръони Карим, ки бо он заҳр ва девонагӣ ва дигар бемориҳоро, рафъ мекунӣ.
* Руқя бо бузургтарин ояте аз Қуръони Карим, ки бо хондани он, озору азиятҳои ҷинҳоро бо кӯмаки малоикаҳо рафъ мекунӣ.
*Руқя бо бузургтарин истиъоза, ки бузургтарин чизест, ки мардум ба он паноҳ мебаранд.
* Руқяе, ки Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба шахсе, ки ба дар хобаш метарсид, омӯхт, ва он руқяест, ки агар онро бихонад, ҳаргиз шайтонҳо ба ӯ зарар намерасонанд.
* Руқяе, ки агар онро хондӣ ва ба ҷои наве нозил шудӣ, ҳаргиз чизе ба ту зарар намерасонад.
* Руқяе, ки Ҷибрил (дурӯди Аллоҳ бар ӯ бод) бо он Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод)-ро дар шабе, ки ҷинҳо мехостанд ба Ӯ макру ҳилла намоянд ва ё чеҳраи муборакашро бисӯзонанд, руқя карда буд, пас Аллоҳи мутаъол макру ҳилаи онҳоро рафъ намуд, ва оташи онҳоро хомӯш сохт.
* Руқяе, ки агар онро бихонӣ –ба хости Аллоҳ- дар он шабу рӯз ҳеҷ чиз ба ту осебе нахоҳад расонд.
Авроди руқяи шаръӣ хотима ёфт, ва дар пайи он вирдҳои андӯҳу нигаронӣ хоҳад омад