Эй қалб! Барои паноҳ ҷӯстан ба Аллоҳи ягона омода бош.

Чорае ҷуз паноҳ ҷӯстан ба Аллоҳи мутаъол надорӣ, ва ҳеҷ саломате нахоҳӣ дошт, ба ҷуз ин, ки Аллоҳи мутаъол туро кӯмак намояд...

Чӣ бисёранд душманон.. ва локин чӣ қадар бузург аст дуо...?!

Чӣ азкори фаровоне барои паноҳ ҷӯстан вуҷуд дорад, албатта агар гӯяндаҳояш онро бифаҳманд...

Муъаввизоти бузург ва комиле вуҷуд доранд... касе онҳоро ҳаргиз тарк нахоҳад кард...

Ба воситаи он аз Аллоҳи мутаъол талаби ҳимоят намо, дар ҳоле, ки тарсону нигарон ва муҳтоҷу шикаста ҳастӣ..

Ҳар вақте, ки душман шарманадаву расво ва фурумонда мешавад, ту аз тамоми шарру бадӣ дар амнияти комил дар ҳимояти Аллоҳи мутаъаол қарор мегирӣ...