Ба ёд дошта бош...

Бешак ту ба Аллоҳи баландмартаба ва бузург паноҳ бурдаӣ:

* Ба истиъозае, ки онро Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) бар ҳамсараш Ойиша (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) таълим додааст.

* Ба истиъозае, ки Паёмбар (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) доимо бо он паноҳ металабид..

* Ба истиъозае, ки Паёмбар (дурӯди саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба ёронаш онро таълим медод, ҳамчуноне, ки Қуръонро ба онҳо таълим медод.

* Ба истиъозае, ки Расули Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) қабл аз вафоташ онро бисёр такрор мекард.

* Ба истиъозае, ки Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) онро бисёр зиёд мехонд, ба вижа дар намоз.

* Ба истиъозае, ки онро Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба ҷавоне омӯхт, ки онро аз Ӯ дархост намуда буд.

* Ба истиъозае, ки агар касе онро бихонад, Аллоҳи мутаъол ширки пинҳон агар чӣ каму зиёд ҳам бошад, аз ӯ дур месозад.

* Ба истиъозае, ки Паёмбари Аллоҳ (дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ҳамеша ба он пойбанд буданд.

Вирди истиъоза ба поён расид, ва дар дунболи он вирди руқяи шаръӣ хоҳад омад.